(ABNA24.com) Ба нақл аз сомонаи Спутник,Аждар Куратов бо ишора ба ду дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбон Ҷинбеков гуфтааст,ки ин гуфтугуҳо,ки ба баррасии мавзуи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар ва поён додан ба ихтилофҳои марзӣ ихтисос дошт, умед ба беҳбуди авзоъро афзоиш медиҳад.
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирзизистон дар минтақаи мавриди ихтилофи марзии ду кишвар бо сокинони рӯстоҳои тоҷикнишин ва қирғизнишин низ гуфтугу карданд,ки иқдоми бесобиқа ба ҳисоб меояд.
Мушкилоти боқимонад аз даврони ҳукумати Шуравӣ,ки минтақаҳое аз Тоҷикистонро дар дохили Қирғизистон ва бахшҳое аз Қирғизистонро дар дохили қаламрави Тоҷикистон қарор додааст, имрӯз ба далели ихтилофи назари сокинони ин минтақаҳо бар сари истифода аз роҳҳои иртиботии, чарогоҳҳо ва манобеъи об таниш ва даргириҳоеро муҷиб мешавад,ки акнун Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷинбеков бар зурурати поён додан ба ин ҳодисаҳо таъкид кардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз рӯи коромадани давлати нав дар Узбакистон ба раёсати Шавкат Мирзоев мувафақ ба ҳали ихтилофҳои марзии хеш бо Тошканд шуданд. Аз ин рӯ интизор меравад,ки Душанде ва Бишкек низ барои аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон гом бардоранд.
Дар паи ду ҳафтаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофҳои марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
/129
29 Июл 2019 - 06:19
News ID: 965536
Коршиноси маосоили Осиёи Марказӣ дар Русия муътақид аст дидорҳои ахири раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара ва шаҳри Чулбон Ата умедворӣ ба ҳали ихтилофҳои марзии миёни ин ду кишвари ҳамсояро афзоиш додааст.